БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқат ба Президент садоқат ба Ватан аст!

А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар маҳаллаи Фрунзеи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ вохӯриву суҳбатҳои  судманд доир карда шуд.

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади татбиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси  Олии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан, арҷ  гузоштан ба арзишҳои  миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону  ҷавонон буда, дар ин замина  онҳоро  барои иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷалб  кардан  аст.

Дигар баромадкунандгон низ оид ба масъалаҳои номбурда фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуда, иброз доштанд, ки таҳти сарварии Пешвои миллат мо аҳли заҳмати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар пешрафту рушду нумуи Тоҷикистони азизамон бештар кӯшиш  менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg