БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНУВОН ВА ҶАВОНОН

АНДЕША. Дар Паёми  навбатии  худ  Сарвари  давлат  дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи  маориф  таваҷҷуҳ намуда, баҳри беҳдошти шароитҳои таҳсили хонандагон пешниҳодҳои муфид ироа намуданд. Дар ин хусус ба омӯзгорон ва масъулини  ин соҳа баҳри ҷиддӣ фаъолият намудан ва ҷавонони соҳибилму бомаърифат ва ватандӯстро ба воя расонидан як қатор дастуру супоришҳо доданд.

Сарвари давлат боз барои ҳавасманд гардонидан ва рӯ овардани наврасону ҷавонони мо ба китоб, ба илму  дониш  озмуни дигарро   таҳти унвони “Илм - фурӯғи маърифат” пешниҳод намуданд. Боварӣ дорем, ки ҷавонон ва наврасони мо ин иқдоми неки Сарвари худро воло дониста, баҳри амалӣ гардонидани он кӯшишу ғайрати беандоза менамоянд.

Имтиёзи дигари  Сарвари кишвари  мо  барои  ҷавонон ин зиёд намудани стипендияи донишҷӯёну аспирантон мебошад, ки ин бори дигар ҷавонони моро баҳри соҳибмаърифат гардидан ва ба Ватани худ хизмат намудан руҳбаланд месозад. Дар хусуси занон чун ҳарвақта Сарвари  кишвар  суханронӣ  намуда, қайд  карданд, ки  занони  мо дар  ҳама соҳаҳо кору фаъолият дошта, баҳри ободӣ ва некӯаҳволии кишвари худ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки дар  ҳама самтҳо занон  саҳми бузурге мегузоранд ва даст дар қалби худ гузошта ваъда доданд, ки “Ман то вақте, ки ҳастам занонро дар ҳама кору фаъолияташон дастгирӣ менамоям”. “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”-таъкид шудааст дар Паёми Пешвои миллат. Соҳаи иқтисодиёт ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати кишвар буда, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи меҳварӣ дошт. Чунин иброз доштанд, “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад”.

Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар соли 2020 иқтисодиёти кишвар рушд намуда, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Мо занон  аз ин  суханронӣ ва ғамхориҳои  Сарвари  маҳбуби худ хеле миннатдорем. Аз он мефахрем, ки Сарвари мо дар ҳама баромадҳояшон дар хусуси баланд бардоштани  мақоми занон  дар ҷомеа пешниҳодҳои неки худро баррасӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мо занон ваъда медиҳем, ки  аз ин  суханронии  Сарвари  худ рӯҳбаланд гардида,  баҳри ободӣ ва пешрафти кишвар дар ҳама соҳаҳо кору фаъолияти содиқона зоҳир менамоем.

Наргис Нурализода,  узви ҲХДТ, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg