
КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Фурудгоҳ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони ноҳиявии ҲХДТ ва аъзои ташкилоти номбурдашуда вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”, “Якҷоя ҳал мекунем” ва “Беҳтарин сарфакори неруи барқ” сокинонро даъват карданд.
Дар охири вохӯрӣ аз тарафи аъзои ташкилоти ибтидоӣ аксияҳои ҳизбӣ хуб пазируфта шуданд.