БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ДАР ПАҲЛӮИ МАРДУМ АСТ

КӮШОНИЁН. Бахшида ба истиқболи санаҳои муҳими таърихӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба сокинон дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кормандони соҳаҳои гуногун, сокинон, аз ҷумла кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” корҳои соҳилмустаҳкамкуниро  гузарониданд.

Дар чорабинии ҳизбӣ иштирокдорон барои пешгирӣ намудани маҷрои обӣ дарё, ки хавфи баланд шудани обро дар фасли баҳор дорад, ба соҳилмустаҳкамкунӣ машғул гардида,  як қатор корҳои ободониву созандагиро анҷом доданд. Зимни суҳбат бо намояндагони ҳизбӣ  сокинон иброз доштанд, ки ҳангоми зиёд шудани сатҳи оби дарё дар фасли баҳорон  хавфи ба вуҷуд омадани сел ба миён меояду он хонаҳои истиқоматие, ки дар гирду атрофи дарё мавҷуданд, шусташавии заминҳои онҳо дар назар аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg