
ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати ба дарки шаҳрвандон расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Заркамар ва ба номи Утақара Назаров дар деҳаи Камароб вохӯрӣ доир карданд.
Дар мулоқоти баргузоргардида узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, роҳбари гурӯҳи корӣ Файзализода Қобил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода, вакили Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон Абдиева Ойнабот ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
Зимни андешаронӣ масъулин аз нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Паёмҳои Сарвари давлатро ҳамеша таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат фаро гирифтааст. Маҳз тавонои миллатро аз беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳи зиндагии мардум дастуру супоришҳо дода мешавад.