БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНСОНИ НОШУКР БЕВИҶДОНУ БЕИМОН АСТ, НАБОЯД БА Ў ЭЪТИМОД КАРД

АНДЕША. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар ҳар давру замон гурӯҳҳое вуҷуд  доштан ва то ҳол доранд, ки бо мақсадҳои нохалафи худ ба оромишу осудагии давлатҳо халал мерасонанд. Тоҷикистон низ аз зумраи чунин давлатҳо, аксар шаҳрвандони гумроҳ дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Ва яке аз чунин шахсон ин Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумор меравад. Баъд аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»  ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин шахсро инсон номидан ҳайф аст, чун аз гуфтаҳои ҷабрдидагон,  бармеояд, ин ҷоҳил аз динни ислом истифода карда, бо гуфтаи «Мумин бародари мумин» ба боварии ҳамагон даромада  бо роҳи фиребу найранг манфиати худро дар ҷои аввал гузошта,  пулу моли онҳоро гирифтааст. Аз  шунидани андешаҳои наздикону ҳамсояҳо бармеояд, ки падари Муҳаммадиқболи Садриддин худ як  шахси  гумроҳу бесаводу худхоҳ будааст, агар падар, ки таълиму тарбиятдиҳанда, қиблагоҳи ҳар фард ҳисобида мешавад, чунин бошад пас чигуна фарзанд аз ӯ тарбия хоҳад ёфт? 

Муҳаммадиқболи Садриддин читавре маълум гаштааст, худ маълумоти пурраи илмӣ ва динӣ надошта, наврасонро таълими динӣ медодааст, шахсе, ки худ аз илму маориф пурра огоҳ набошад чи тавр метавонад дигаронро таълиму тарбия диҳад? Боиси бадбахтии аксар волидайн дар он аст, ки кӯр- кӯрона ба чунин шахсон бовар карда, фарзандони худро ба назди чунин шахсони аз илму дониш бехабар равона месозанд. Ҳол он, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаю пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳо пурра фаъолият намуда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар вохӯриашон ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд”. Ба таъкидҳои Пешвои миллат ҳамроҳӣ карда гуфтаниям, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо - Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.
Воқеан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ на он борест, ки ба дӯши дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони бо нангу номус ва худшиносиву ҳайсияти миллиро тақозо мекунад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Сулаймонова Лола, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg