БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ИМСОЛА ПАЙКИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИҲО БУД

ЛЕВАКАНТ. Дар деҳаи Сарбанди Ҷамоати деҳоти Ваҳдати  шаҳри Левакант бо мақсади ба саҳми аҳолӣ расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев, мудири бахши маориф Ниёзалӣ  Ашуров ва кормандони Ҷамоати деҳоти мазкур  ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ Суҳроб Валиев ба сухан баромада , Паёми имсоларо ҳамчун пайки бунёдкориву созандагиҳо, дастоварду пешрафтҳо дар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ояндаи боз ҳам хубтару беҳтар ба ҳар сокини мамлакат ба қалам дода, паҳлуҳои алоҳидаи онро ба ҳозирин шарҳ доданд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот масъулин вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдоронро ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg