БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии «Касбомӯз» атрофии Тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва зиёда аз 40 нафар аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Насим Сабурзода оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷоми суханрониҳои пурмуҳтавояш иброз намуд, ки  боиси қайд аст, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавонон ва хизматрасонии сифатнокии тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Гуфтаҳои боло собит месозанд, ки ҲХДТ дар рушди соҳаи тандурустӣ ҳисаи арзанда дорад ва мақсад аз баргузории вохӯрӣ дар ин самт бо шумо ҷавонони азиз дар ин аст, ки ҳар яки мо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, тавассути машқу тамринҳои гимнастикӣ саломатии хешро ҳифз намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg