БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНДИ ЗИНДАГӢ МЕРАСОНАД

ЁВОН. Бо мақсади расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар байни сокинон дар ташкилоти ибтидоии “Шараф”-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок намуда, қайд карданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат назар ба солҳои қаблӣ як моҳ дертар ироа гардида, як қатор самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар назар дошт.

Ҳамзамон, баромадкунандгон дар баромади хеш аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷилиси Олӣ дар назди ҳозирин иқтибосҳо оварда, аз ҷумла қайд намуданд, ки соли 2020 на танҳо барои миллати мо, балки барои сокинони тамоми сайёра аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ соли душвор ба шумор мерафт, зеро дар ин сол тамоми дунёро беморие бо номи коронавирус фаро гирифт, ки аз лиҳози иқтисодӣ тамоми давлатҳои абарқудрат зарар диданд. Инчунин, дар вохӯрӣ Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин қайд карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg