ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия якҷоя бо сокинон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсола бармеояд ва саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ ба корҳои саҳроӣ баромада, ба кишти картошка машғул шуданд ва дар масоҳати 7 сотиқ замин картошка шинониданд.