БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МАҲАЛ ДАР МАҲАЛЛАИ “ИСТИҚЛОЛ”

БОХТАР. Дар асоси дастуру супоришҳои узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин  ва мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсад сазовор ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ, яъне Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Истиқлол” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур Аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.

Дар рафти Аксияи мазкур  хурду калони маҳалла фаъолна иштирок намуда, канори роҳи мошингарди Бохтар - Кушонинён, дохили канал ва заҳбуру заҳкаши маҳалларо аз партовҳо, алафҳои хушкшуда, хасу хошок тоза  карданд. Дар назар аст, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона бахҳи тозагии муҳити атроф дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg