БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФӢ БЕТАРАФИСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа пеш аз ҳама таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан аст, на бадном кардани номи неки  Тоҷикистону тоҷикон. Вале дар ҳар давру замон ин ё он нафаре пайдо мешавад, ки ҳамчун бозичаи дасти дигарон шуда, пойбанди андешаву афкори онҳо гардад ва бо ин васила дину мазҳаб, наздикону пайвандон, Ватану миллати худро бар ивази пулу мол мефурӯшанд.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»  ё «Бешарафӣ» намоиш дода мешавад, ки дар он аз бешарафии боз як шахси гумроҳу хоини миллати тоҷиконро қисса мекунад. Ман ҳамчун як ҷавон баъд аз тамошои филми мазкур шукрона аз он намудам, ки дар давлати  тинҷу орому осоишта зиндагӣ намуда истодаам, ки дар он сулҳу субот пойдор аст. Вақт нишон медиҳад, ки хар нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, беномус, нопок, бадсиришт ва бешараф буда, оқибат шармандаю  шармсор мегардад. Яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо амалҳои разилонаю хиёнаткоронаи устоди бешарафаш зери ниқоби динни мубини ислом амалӣ менамояд. Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибати хиёнаткорон хориву зорист. Моро зарур аст, ки пеши роҳи онҳоро гирифта нагузорем, ки  ба шуур ва тафаккури насли ояндасози миллат таъсири манфии хешро расонад. Имрӯз ман ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамаи ҷавононро   ба худогоҳиву донишомӯзӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати  пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват менамоям.

Саидова Барно, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg