БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  ба сокинон ҳамрӯза миёни омма суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Мулоқоту вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон оид ба расонидани муҳтавои Паём ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар якҷоягӣ бо сархатиб ва эмомхатибони масҷидҳои ноҳия баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҳар як узви ҲХДТ-ро зарур аст, ки барои татбиқи самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ заминагузор бошад ва дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg