БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲ БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян намудааст, барои фаъолияти самарбахши тамоми сохтору идораҳои давлатӣ вазифаҳои навбатиро ба миён гузошт, таҳаввулоти навин дар самти беҳтар гардидани фаъолияти хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо хоҳад буд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паёми имсола таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд, истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил аз он мебошад. Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда,  аз имрӯз ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус бунёди боғҳо истифодаи тухмиҳои хушсифати тамоми зироатҳои хоҷагии қишлоқ, аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз истифода берунмонда тадбирҳои амалӣ андешида, ба фаровонҳосилии заминҳои ҳосилдиҳанда шароит фароҳам менамояд.  

Дар ноҳия дар соли 2020 ҷиҳати амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар майдони 22503 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2019 430 га зиёд аст.  Бо истифода аз тамоми имконият кишоварзони ноҳия соли гузашта 38299 тонна ғалладонагиҳо, 19823 тонна пахта, 10828 тонна картошка, 85169 тонна сабзавот, 34705 тонна полезӣ, 11522 тонна мева ва 8453 тонна ангур истеҳсол намуда, бозорҳои дохилӣ ва нақшаи содироти маҳсулоти соҳаро таъмин намуданд.  Ҳамасола ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир тадбирҳои муҳим андешида шуда, дар ду соли охир 87 га заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ низ афзоиш ёфта, соли 2020 истеҳсоли гӯшт 8141 тонна, шир 34361 тонна, тухм 8 507 ҳазор дона, пашм 297 тонна, пилла 34 тонна, асал 38 тонна ва моҳӣ 25 тонна таъмин шуд, ки сарчашмаи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия аст.    

Масъалаи дигари мавриди таваҷчуҳ дар доираи амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат таъмини ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ гардид. Дар соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи саноат ба 182 179 ҳазор сомонӣ баробар гардида, шумораи корхонаҳои  истеҳсолӣ ба 26 адад расид, ки ин омил ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.  

Таваҷчуҳи хоссаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар ин замина сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун ва вусъати корҳои созандагию бунёдкориро дар ҳар як шаҳру ноҳия дастур доданд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ин ҷашни ифтихорӣ 275 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, зиёда аз 70% ба истифода дода шудааст ва аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба рушди самтҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Аз моҳи сентябри соли равон баланд гардидани нафақаи кӯдакони то синни 18-солаи маъюб, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои баланд бардоштани донишу маърифати ҷавонону наврасон ба воситаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳи ҷомеаро ба хондану аз худ кардани осори ғании шоирони классик ва муосири тоҷик зиёд намуда, дар соли 2020 дар номинатсияҳои гуногуни даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, 1 нафар дар номинатсияи шоирӣ зинаи 3-юмро ба даст овард.

Ҳамзамон соли 2020 дар муассисаҳои таълимии ноҳия  сохтмони 3 биноҳои иловагӣ ва  77 синфхонаҳо бо 1848 ҷои нишаст оғоз гардид, ки то соли хониши нав ба истифода дода мешавад.

Дар Паёми имсола аз вазъи ногувори паҳншавии бемории сироятии covid-19 дар соли 2020  қайд карда шуда, ба ҳифзи сиҳатии омма ва эмин нигоҳ доштани мардум аз ин сироят таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддни Балхӣ таъмиру азнавсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо 50 кат оғоз карда шуд. Ҳамзамон сохтмони бинои алоҳидаи шуъбаи таваллуд идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдакро беҳтар хоҳад кард.   

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия самтҳои кор бо занону бонувон, кор бо ҷавонон ва варзиш ва рушди соҳаи сайёҳиро яке аз масъалаҳои асосӣ ва мубрам дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода,  ба тарбияи фитрию зеҳнии  ҷавонону наврасон, ташкили инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар деҳот, рушди ҳунармандӣ ва дар ин замина ташкили курсҳои омӯзишии дар деҳот  диққати махсус зоҳир намуда, ҳунарҳои милливу аҷдодиро эҳё менамояд.

Дар ду соли охир шумораи хонандагоне, ки ба воситаи Маркази Миллии Тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар дохил мешаванд, аз 35% ба 53% расонида шуда, соли гузашта бо мақсади ташаккули тафаккури насли наврас бо иштироки ғолибон ва довталабони  озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар ноҳия зиёда аз 360 чорабиниҳои интелектуалӣ миёни ҷавонону наврасон доир гардида, донишу таҷрибаи ғолибони озмунҳо ба дигар хонандагони муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ карда шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани нуқтаи дигари Паёми имсола амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷапшну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пайваста корбарӣ намуда, ба масъалаҳои тарбияи насли босаводу андешаманд ва камхарҷ баргузор намудани тӯю маъракаҳо тадбирҳои доимӣ меандешад.

Мо занону бонувони масъул дар вазифаҳои роҳбарии хизмати давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддни Балхӣ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирӣ ва ҳасмандгардонии занону бонувон ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои масъули давлатӣ   қаноатмандии худро изҳор намуда, дастовардҳои Ватани азизу маҳбуб - Тоҷикистони соҳибистиқлолро натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоем. 

Дар таҳкими оиладорӣ ва тарбияи фарзандони шарафманду ободкор иродаи мо занону бонувон  устувору қавӣ аст ва ҳар яки мо вазифадорем, ки  бобати  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва ободии хонаву дари худ боз ҳам аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва ҷиҳати тадбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан фаъолияти густурда намоем.

Абдусаломзода Анзурат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg