БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҲИЗБИЁНРО БА МАСЪУЛИЯТНОКӢ ВОДОР НАМУД

ПАНҶ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ - ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова, муовинони раиси ноҳия Ҳакимзода Ҷовид Қосим, Кенҷаева Хайринисо ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилотхои ибтидоии ҳизбӣ ва собиқадорони   ҳизб доир гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар  соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ҳисобот дода, бо дастгирии ҷамъомадагон накшаи кории Кумитаи иҷроия оид ба амалишавии вазифаҳо дар соли 2021 бо қарори маҷлиси Кумитаи иҷроия тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова ба сухан баромада, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Аксияҳои ҳизбӣ, пурзғр кардани  корҳзои тарғиботиву ташвиқотӣ, кумаку дастгириҳои қишри ниёзманди ҷомеа бо ҷали фаъолони ҲХДТ, саҳм гузоштан дар рушду тараққиёти Ватан бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  самтҳо афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози ақида намуда, иштирокдоронро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб раҳнамоӣ кард. Инчунин, дигар баромадкунандагон ба музокира баромада, аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис дахлдор андешаронӣ карданд.

Дар фарҷом ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон, ки дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, саҳми муносиб гузоштан дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg