
Ш.ШОҲИН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон ва роҳбарону фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбасти солонаи Кумитаи иҷроия баргузор гардид.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур Ҳамидиён Орзу намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ҳусейнова Сайёра намояндаи Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо суханони ифтитоҳӣ Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроия ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз 5 масъала иборат буд, шинос кард.
Сипас, мавсуф аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021 ибрози ақида карда, бо ҳамовозии ҷамъомадагон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Баъдан намояндагони КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Ҳамидиён Орзу, Ҳусейнова Сайёра ва раиси ноҳия Зарифзода Почохон ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои муҳими Паёми имсола, Аксияҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуданд ва ҳисоботи солонаи Кумитаи иҷроияи ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Қисмати интиҳоии маҷлис бо қадрдонии аъзову фаъолони ҳизб, ки дар таҳкими самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ саҳми бориз гузоштаанд, бо Сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.