БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

А.ҶОМӢ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  оид ба расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби  ҳадафҳои созандаи ҳизб ташкил ва роҳандозӣ карда истодааст.

Бо дарназардошти ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “шаҳраки А.Ҷомӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Муҳҳаммаддовуд Муҳаммадалӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Абдураҳим Амонзода иҷрокунандаи раиси Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, узви фаъоли ҳизбӣ Холбобо Исмоилов намояндаи КФД ХМК-и ноҳия ширкат доштанд.

Иштирокдорон  қайд  доштанд, ки дар Паёми имсолаи худ, ки аз санаи 26.01.2021 бармеояд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ин самт моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳама дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон сарчашма мегирад ва ҳамчунон дар сатҳи баланди ташкилию оммавӣ истиқбол гирифтани ҷашни пуршукӯҳи миллату меҳанамон  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳмгузорӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg