![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210206_092206.jpg?itok=7z3pH2Gm)
ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фотеҳон“ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.
Пас аз суҳбат сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ машғул гардида, ду тарафи роҳи деҳаро аз алаф ва растаниҳои худрӯй тоза карда, дарахтонро аз шоху навдаҳои зиёдатӣ поккорӣ карда, зиёда аз 50 ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинониданд.