БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ МАЪРИФАТПАРВАР

АНДЕША. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст.

Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ буда, рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамъбаст менамояд ва пешбурди сиёсати давлатиро роҳандозӣ мекунад.

Паёми имсолаи Роҳбари давлат аз ҳар бобат дорои навгониҳо буда, он ба фардои пешравӣ ва саодати Тоҷикистони азиз ва мардуми он нигаронида шудааст.Пешрафту тараққиёти замони соҳибистиқлолии кишвар, ки ба фаъолияти босуботи Пешвои миллат вобастагӣ дорад ин дафъа суханро аз соҳаи муҳими давлатдорӣ, яъне тандурустӣ ва бемории ҳамагири COVID-19 оғоз намуда, аз таҳлили ҳамаҷонибаи ин сохтор дар давраи пандемия суханронӣ намуданд.

Дар Паём вобаста ба самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои он пойдории сулҳи сартосарии кишвар, тарбияи шоистаи хонандагону наврасон ва ҷавонон дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Яке аз чунин иқдомҳое, ки Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ин баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикстон-Ватани азизи ман» як нуктаи бисёр муҳим ва созандаю эҳёгар, суннати аҷдодии мо, яъне эҷодкориву рӯ овардан ба китобу китобхониро миёни насли имрӯзи диёр ба вуҷуд овард. Ин озмунҳои то ин дам доир гардида дар ҷомеа инқилоби адабию фарҳангиеро ба миён овард, ки то имрӯз касе чунин инқилоби овозадорро надидаву нашунидааст. Қайд кардан зарур аст, ки шукӯҳи ин озмунҳо марзи кишварро ҳам убур кард, ки ҷомеаи бурунмарзиро низ ба ҳайрат оварда аст.

Ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷадиди ҷумҳуриявӣ «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи пешниҳодоте буд, ки дар Паёми Садри муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ки он боиси руҳбаландии тамоми сокинони кишвар гардид. Ин иқдом боиси боз ҳам рушд кардани илм дар кишвар мегардад. Дар ин росто умед аст, ки ҷавонону наврасон бештар ба илм рӯ оварда, бо афкори солиму созанда сарзамини аҷдодиамонро боз ба қуллаҳои баландтар хоҳанд расонд. Бо баргузории ин озмун бо боварии комил метавон гуфт, ки миллати моро инқилоби илмӣ низ дар пеш аст.

Медонед, он чизе, ки шахсан дар Паём ба такрор эҳсос намудам, ҳамон самимияти беандозаи Пешвои миллат буд. Ҳамон меҳр ва дилсӯзии падаронаест, ки дар ҳаққи тамоми қишрҳои ҷомеа барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум мушоҳида кардам. Дар ин Паём чун Паёмҳои қаблӣ амиқ эҳсос мешуд, ки мақсади олии Ҷаноби Олӣ сари баланду рӯи сурхи мардум ва шукуфоии кишвари паҳновари мост.

Холов Диловар, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg