БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН ТАКОНИ ҶИДДӢ БАХШИД

ХОВАЛИНГ.  Вохӯрии вакили  Маҷлисии вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Афзалбӣ Файзова ба интихобкунандагонаш дар ҳавзаи интихоботии № 9 доир гардид.

Дар вохӯрӣ вакили мардумӣ дар бораи Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал маълумот дод.

Интихобкунандагон аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он   ба кишоварзон ва соҳаи кишоварзӣ  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст, бо қаноатмандӣ сухан карда, гуфтанд, ки аз андози ягонаи замин озод намудани деҳқонон дар соли аз рӯи пешгӯиҳо душвори 2021 барои рушди соҳа ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ   мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ дар асоси дастуру супоришҳо, ки аз Паём бармеояд, ба иштирокчиёни вохӯрӣ барои  истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил тавсияу маслиҳатҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg