БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ОЯНДАИ БОСАОДАТ РАҲНАМОӢ МЕКУНАД

ҲАМАДОНӢ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Москва оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия, прокурори ноҳия, Сардори ШВКД, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон, маориф ва фарҳанг иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат оид ба дастовардҳои ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солаги Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки вазифаи аз ҳама муҳими мо ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ  ва бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.  Дар ҷамъомад инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, прокурори ноҳия баромад намуда, иштирокдоронро барои татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми имсола роҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg