НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таъмиргар” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Сараввал Зоирзода Савзалӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат бо сарбаландӣ дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА-1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст
Инчунин, дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдоронро ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.