БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

Н.ХУСРАВ. Гурӯҳи   кории назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  ҳамбастагӣ  бо  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия,  нуктаҳои  Паёми  Пешвои  миллат-  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро  ба  сокинони  ҷамоатҳои  деҳот  ҳамарӯза  фаҳмонида  истодаанд.

Гурӯҳи  корӣ бо  сокинони  деҳаҳои  Коровон  ва  Қора  камари  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуда, масъулин вобаста ба вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии  давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар  рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии   сокинон  оид ба  пешгирии  беморӣ, ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, истифодаи  самаранок  ва сарфакоронаи нерӯи  барқ, ба  роҳ  мондани  корҳои  созандагиву  ободонӣ, амали намудани  аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!», «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  андешаронӣ карданд.  Раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сурайё   ҷамъомадагонро   таъкид  намуд, ки  моро  зарур  аст, ки  дар  амалӣ  намудани  муҳтавои  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон сарҷамъ  бошем ва  бо  кору  амали  созандаи  худ дар  таъмини  рушду  устувори  иқтисодии  кишварамон саҳми  шоиста  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg