БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИ ЗАРРИНИ МИЛЛАТАНД

АНДЕША. Оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 ироа гардидааст, шукргузорӣ аз фазои орому осуда, ваҳдати миллӣ  ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  менамоем.  Мо  мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла занону бонувон дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии мамлакат кору пайкор намуда истодаем. Маҳз  ҳамаи  ин дастовардҳо бо талошу заҳматҳои  шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва дар ин ҷода корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки занону бонувон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор рафта, саҳми онҳо пеш аз ҳама дар таълим ва тарбияи фарзанд, ободиву сарсабзии кишвар назаррас мебошад. Аз ин ҷост, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан- модар эҳтироми хоса дошта, барои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намудани занон дар ҳар як мулоқоту вохӯрӣ, сафарҳои корияшон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд. 

Инчунин, соли дувум аст, ки ин нукта дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар ироа мегардад.

Айни замон дар тамоми ташкилоту муассисаҳои  ҷумҳуриявӣ, вилоятиву шаҳрӣ аз ҳисоби занону бонувон  қисман ба ҳайси роҳбар ва ё муовин фаъолият намуда истодаанд. Фаъолияти бештари занону бонувон дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ба чашм мерасад. Инчунин, дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, қисмҳои ҳарбӣ,  хоса дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯзаи мамлакат фаъолияти занон эҳсос мегардад.

Мо занон бояд ифтихор аз он намоем, ки чунин як роҳбари мушфиқу ғамхор, ташаббускору созанда ва дилсӯзи миллати хеш дорем. Сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, қувваю неруи худро баҳри пешравӣ, сарсабзию шукуфоӣ, таълим ва тарбияи насли ояндасози миллат  дареғ надошта, дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдадошта поквиҷдонона, масъулиятшинос ва бо дилу нияти соф иҷро намоем.

Дар самти ғамхорӣ нисбат ба занону бонувон аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд Стратегияву қонунҳо ва Барномаҳо ба тавсиб расидааст, ки ин шаҳодати гуфтаҳои болост.

Итминони комил дорам боварие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон доранд, моро водор менамояд, ки ба ин боварии Сарвари давлат арзанда бошем ва ҷавобан ба ин ғамхорӣ ҷиҳати амалишавии нақшаю ниятҳои неку созанда саҳми босазои хешро мегузорем.

Д. Зарифова,  директори  китобхонаи марказии шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg