БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙЁМИ ПЕШВО – РАҲНАМОИ КОМЁБИҲО

АНДЕША. Паёми навбатии  Пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаҷонибаи ҷавонон, занон ва оила, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар мебошад.

Яке аз чунин мисоли муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои илму маориф буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷетӣ ба рушди ин соҳа нигаронда мешаванд. Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро илму дониш пайваста рушд меёбанд. Дар зарфи наздики 30 соли истиқлолият дар кишвари мо барои рушди соҳаи маориф чораҳои зиёде андешида шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисоб намуда, заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ менамоянд ва онҳоро қувваи пешбарандаю таҳкимдиҳандаи давлат ва наҷоти миллат меноманд. Ба ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, унвондор ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар баробари чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳар як корманди маорифи ватандӯст сатҳи таълимро дар муассисаҳои таълимӣ  ва томактабӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоштанро талаб намуданд.

Ҳамчунин, аз маорифчиён ва падару модарон даъват ба амал оварданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавоноро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданро зарур донанд.

Вобаста ба ин, дар қатори дигар пешниҳодҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуд ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  ва  озмуни “Илм  - фурӯғи маърифат ”дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Ҳамчунин озмунҳои қаблӣ  аз ҷумлаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир  ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳавасманд гардонем.Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат маҳз норасоии муассиаҳои томактабиро дар рафти Паёми навбатии хеш баён доштанд, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо  баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳиси миллӣ, ватандӯстиву ватанварварӣ,ҳувияти мллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи  доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ  намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созанда талаб менамояд.Пояи устувори тарбия аз хонавода оғоз шуда, дар раванди таълиму тадрис дар кӯдакистону мактаб идома меёбад.

Мураббӣ  низ барои ташаккули дурусти кӯдак саҳмгузор аст. Маҳз тарбияи дуруст аз зиннаи томактабӣ манша мегирад, ки омӯзгор дари донишу маърифатра ба рӯи шогирд боз  намуда, ӯро ба ҷаҳони илму маънӣ раҳнамоӣ мекунад. Маҳз, нақши боризи омӯзгорро дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ба инобат гирифта,  дар боби  чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” уҳдадориҳои омӯзгор ва муассисаҳои таълимиро дарҷ кардаанд. Мутобиқи талаботи ин қонун муассисаи таълимӣ бояд робитаи зичи омӯзгорон ва волидони хонандагонро ба роҳ монда, рафти донишандӯзӣ, рафтору амалҳои хонанадагонро зери назорат гирифта, мунтазам бо падару модарон ҳамкорӣ намоянд.Таъсиси кумитаи волидон ва ҷалби онҳо ба таълиму тарбия ва тағриби арзишҳои ахлоқию маънавӣ  ва ҷалби наврасон ба касбу ҳунарандӯзӣ, назорати низоми либоспӯшӣ дар муассисаҳои таълимӣ, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми таълим, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор, тамоку ва маводҳои психотропӣ дар байни наврасону ҷавонон, назорати доимии фарзандон аз ҷониби волидон ва парасторони онҳо ҳангоми вақти муайяншудаи шабона дар марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо, тарабхонаву топорҳо аз тадбирҳои муассирест, ки дар тарбияи насли наврас таъсири нек мегузоранд.

Паёми навбатӣ мо маорифчиёнро водор намуд, ки фарзандони насли солим ва ватандӯсту ватанпарварро  тарбия намоем ва номбардори давлату миллат гардонем, ки барои мо ҷавонони даврони истиқлол боиси ифтихори миллӣ ба ҳисоб рафта,  дар сатҳи ободии Ватан ва тарбияи дурусти кӯдакону наврасон ҳама неруи ҷавониро сарфа менамоем.

М. Ғуломова, узви ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg