БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарфаҷӯӣ аввалин фидокорӣ дар роҳи сарфарозӣ ва бениёзист

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати суҳбат намудан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва тақвият додани робита бо маҳал бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Зафар вохӯрӣ доир намуданд.

Волхӯриро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар кушода, дар бораи нақши ҲХДТ дар муттаҳид сохтани мардум ва таҳкими давлатдории миллӣ суҳбат намуд. Сипас, оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ибрози ақида карда, ёдовар шуд, ки дар ҳадисе омадааст: «Исрофкорон бародарони шайтонанд», мардум бояд ба сарфаҷӯйию сариштакорӣ рӯ оранд. Сарфаҷӯӣ аввалин фидокорӣ дар роҳи сарфарозӣ ва бениёзист.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ узви ҲХДТ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Гулистон” Абдулҳамид Маҷидзода суханронӣ намуда,  доир ба таҳкими сулҳу субот, давлатдории миллӣ, хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирӣ  аз  бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона суханронӣ намуд.

Бо мақсади боз ҳам наздик шудан ва робитаи пайваста доштан бо сокинон дар деҳаи мазкур бо ҷалби 5 нафар  сокинони деҳаи Истиқлол, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Мачитон” таъсис дода шуд.

Сокинони деҳа иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархорро бо хушнудӣ пазируфта, миннатдории хешро баён карда,  иброз доштанд, ки воқеъан ҳам дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, чунин вохӯрию мулоқотҳо бо аҳолӣ хеле муфид мебошад.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg