БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - СОЗАНДАГОНИ ВАТАН

ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Литсейи касбӣ- техники”-и ноҳияи Восеъ бо иштирокм масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимнан масъулини ҳизбӣ бо ҷавонони ин ташкилот суҳбат ороста, қайд карданд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳамзамон, иштирокдорони вохӯрӣ иброз намуданд, ки мо ҷавонон ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, ба фардои дурахшон эътимоди қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg