БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАКОНДИҲАНДАИ МАСИРИ РУШДИ БАХШҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

ВАХШ. Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, оид ба расонидани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизб роҳандозӣ гардида истодааст.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марказ”-и Ҷамоати шаҳраки Киров  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва  сармуҳарири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Сафарзода Асалмо ширкат доштанд.

Зимни суҳбат масъулин қайд доштанд, ки дар Паёми имсолаи худ, ки аз санаи 26.01.2021 бар меояд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин самт моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон сарчашма мегирад, саҳмгузорӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg