АНДЕША. Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад.
Паёмро як навъ ҷамъбаст ва арзёбии фаъолияти солонаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, пешниҳоди дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, баррасии шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯзаи ҷаҳон, хуллас як раҳнамо ба халқи кишвар метавон номид.
Паёми имсола дар мархилае пешниҳод гардид, ки мардуми кишвар дар соли воқеан таърихӣ-сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор дорад.
Сарвари муаззамамон масъалаҳои оқибати паҳншавии коронавирусро дар сайёра, аз ҷумла, Тоҷикистон чораҳои андешидаи Ҳукумати кишварро ҷиҳати пешгирии ин беморӣ, боло бурдани шароити иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани музди нафақаи маъюбон, афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, рӯйдодҳои муҳим ва ҷашнҳои таърихӣ, аз қабили 5500- солагии Саразми бостонӣ ва 700- солагии Камоли Хуҷандӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», баланд бардошта мақоми занону бонувон дар тамоми соҳаҳо, хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа ва амнияти кишвар, пешгирӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, ҳимояи марзу буми он ва нақшаҳои бунёдкоранаву иқдомҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро пурра баррасӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон сарҷамъу муттаҳид бошанд. Бахусус, таъкид доштанд, ки ҷавонони далеру ғаюр бо нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил хоҳанд дод.
Пас мо ҷавононро зарур аст, ки ба ин эътимоду боварии Сарвари муаззами хеш сазовор бошем ва дар роҳи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти Ватан содиқона хизмат намоем!
Саидов Илҳом, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар