БАЛҶУВОН. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Балҷувон ҳамарӯза корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром рафта истодааст.
Дар майдони Парчам ва Нишон,ки сохтмонаш айни ҳол бо маром идома дорад, бо иштироки аъзои фаъоли ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем! " баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия зимни баргузории Аксия қайд намуданд, ки чунин аксияҳо пайваста доир кардамешавад, то ин ки ба ин восита саҳми назараси аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувонро дар заминаи созандагию бунёдкорӣ назарас нишон дода, баҳри ободии деҳаю маҳалла ҳиссагузори намоянд.