ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки гурӯҳи тарғиботии ҳизб дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар деҳаи Деҳқонобод вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод иштирок дошта, доир ба самтҳои асосии Паёми навбатӣ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки дар замони пуртазоди ҷаҳони мосир, яъне терроризму экстремизм, тафриқаандозию низоҳои динию мазҳабӣ, ташкил гардидани ташкилоту ҳизбҳои иғвоангез, ки дар Паём дарҷ гардид, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбат ба шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои мамнуъшуда ва ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ пешгирӣ намоем. Ҳамчунин мавсуф аз дастовардҳои замони Истиқлол ва фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо нисбат ба даврони Шӯравӣ ёдовар шуда, аз ҷамъомадагон даъват ба амал овард, ки наврасону ҷавонони имрӯзаро мебояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, бештар илм омӯзанд, фанҳои дақиқу иттилоотиро мутолиа кунанд ва аз навгониҳои технологияи муосир бохабар гарданд.