ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони кишвар бо сокинони деҳаи Ситораи тобони ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Маҳмадсаид Раҷабзода суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018-ро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дод.
Дар баробари шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муовини тиббӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои кори дар хона, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгири аз хурофоту бегонапарастӣ, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анаъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор кардани тӯйю маъракаҳо, гирифтани пеши роҳи харҷи беҳуда, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватанпарастиву худшиносии миллӣ андешаронӣ намуд.
Дар идомаи суҳбат доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳаи Ситораи тобон Наботов Шариф ва Зарипов Маҳмадалӣ андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки бо қабули 5нафар сокинони деҳа дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис диҳанд.