Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси олии кишвар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои тарғиботиву ташвиқотиро оид ба амалисозии дастуру ҳидоятҳои Паёми имсола дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии сокинон дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” ва дастгирии сокинон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, роҳи маҳалаи Давлатободи Ҷамоати шаҳраки Баҳор ба масофаи 1 километр сангфарш карда шуд. чун ин иқдомҳои неку созанда аз ҷониби сокинон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, онҳо ният доранд ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои хубу арзанда пешвоз гирианд.