БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ҲАМАДОНӢ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чубек оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия, Прокурори ноҳия, Сардори ШВКД, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон, маориф ва фарҳанг иштирок доштанд.

Муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсола суханронӣ намуда, қайд кард, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат то рафт бештар ҷалб гашта истодаанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд намуданд, ки ба ҳолати 1.01 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4-%-ро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар 73% ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68%-ро ташкил медиҳад.  

Дар ҷамъомад оид ба шарҳу тавзеҳи Паём Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, прокурори ноҳия баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg