БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДОИР ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Дар Мақомоти иҷроияихокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода маҷлиси Кумитаи иҷроия доир гардид. Дар маҷлис Миралиён Абдусалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  Ҳабибзода Зоҳир мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ,  Давлатзода Зарина узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Левакант аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Ба маҷлис баррасии 5 масъала пешниҳод гардида, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, вазифаҳои аввалиндараҷаи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумита иҷроия ва Раёсати он ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, Ватанзода Сайҷафар доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар соли 2020 гузориш дод. Баъдан Миралиён Қиёмиддин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  зимни баромади худ доир ба масъалаҳои амалӣ намудани аксияҳои ҳизбӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои зиҳбӣ суханронӣ намуда, гуфт, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон якчанд Аксия ва иқдому озмунҳои ҳизбӣ эълон гардидааст ва ҳар як узви ҲХДТ-ро лозим аст дар татбиқи онҳо талош варзад. Дар идомаи маҷлис Ҳабибзода Зоҳир  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Давлатзода Зарина  раиси шаҳри Левакант ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда баён доштанд.

Муовифиқи қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва аз ҳудуди маъмурии шаҳри Левакант берун рафтани як нафар аз ҳайати Кумитаи иҷроия ва ба аъзогии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант озод шудан, ба ҷои он аъзои фаъоли ҳизб интихоб карда шуд.

Ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва ба аъзогии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, ки дар толор ҳузур дошт, интихоб гардид.

Инчунин, дар масъалаи дигари рӯзнома барои аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант озод намудани Ватанзода Саидҷафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант озод карда шуд.

Номзадии Олимзода Низора Сажматро барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант пешниҳод карда шуд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант анҷом ёфта,  вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg