
ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир мулоқот баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада, аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, Паёмро ҳамчун раҳнамо баҳри зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз муаррифӣ намуд.
Сипас, дар идомаи барнома вобаста ба дастгирию кумак ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии қишри осебпазири ҷомеа, яъне шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва маъюбон, ки ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ироа гардид, аз ҷумла, баланд бардоштани стипендияҳои донишҷӯёну аспирантҳо ва то 50 фоиз зиёд намудани музди нафақаи шахсони маъюбро яке аз сиёсатҳои дастгирона ва ғамхоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаи ҷомеа арзбӣ намуд.