
КӮЛОБ. Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд.
Дар чорабинии ҳизбӣ ихтиёриён ва кормандони масъули ҳизбӣ иштирок намуда, дохил ва гирду атрофи қарбристонро аз рустаниҳои худрӯй ва шоху навдаҳои зиёдатӣ тозаву озода намуданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдоми хайр охири ҳар моҳ дар ҳудуди қабристонҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб роҳандозӣ карда мешаванд.