БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ХОТИРМОН БУД

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи ба номи “Ҷаъфар
Абуддлоев”  бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳаллаи мазкур ва маҳаллаи “Бохтариён”доир гардид. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохар Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки 26 январи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ як нуктаи бисёр муҳиму пурмуҳтаво ва созандаро иброз дошт, ки он дар тамоми сол таҳрикдиҳандаи сокинони кишвар гардид. Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, Пешвои милла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Дар идомаи маҷлис масалаҳои муҳими ҷомеа, таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риоя қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиениву санитарӣ, сарфакорона  истифода бурдани неруи барқ  ва ғайра муҳокима гардид.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲДТ дар шаҳри Бохтар оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир шуда, дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми  маҳаллаҳои шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ташкил ва гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg