БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМОИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №5 ва Маркази саломатии ноҳияи Панҷ  бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Кумити иҷроияи вилоятии ҳизб Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо роҳбарони ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаи маориф, тиб, барқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва сокинони маҳалла суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода шуд.

Дар рафти суханрониҳо Қиёмиддин Миралиён вобаста ба самтҳои дохиливу хориҷии  кишвар, аз андози ягона озод гардидани кишоварзон, эълон гардидани озмуни чумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, дастовардҳои замони  соҳибистиқлолӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиёти Ватан ва таъмини зиндагии босаодати шаҳрвандон, инчунин истиқболи шоиста аз  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат  ба амалҳои неку созанда роҳнамоӣ намуд. Ҳамзамон, Миралиён Қиёмиддин дар ин раванд дар бораи  моҳияти озмуну Аксияҳои ҳизбӣ, ки барои  беҳтар гардидани  сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, ҳарф зада, сокинонро барои   дар амал татблиқ кардани ҳадафҳои созандаӣ ҲХДТ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg