БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ҶАМЪБАСТ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021 МУАЙЯН ГАРДИДАНД

А.ҶОМӢ. Дирӯз дар  Мақомоти   иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ  маҷлиси   Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия  бо иштироки  мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо  кадрҳои  Дастгоҳи   КИМ  ҲХДТ  Зоҳир  Ҳабибзода, узви  раёсат ва Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Раҳимзода Сафармуҳаммад  Абдураҳмон, мутахассиси  шуъбаи  ташкилии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар вилояти  Хатлон Умеда Акрамзода, аъзои  Кумитаи  иҷроия, фаъолон  ва собиқадорони  ҳизб, аъзои  гурӯҳи  вакилии  ҳизбӣ, волонтёрони  назди Кумитаи  иҷроия  баргузор  гардид.

Маҷлис бо суханони ифтитоҳӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода оғоз бахшида,  натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии он  дар  соли  2020 ва вазифаҳо барои соли 2021, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ва Ҳамрози халқ”, ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тағйирот дар ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, тасдиқи  қарорҳои  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбиро  мавриди  баррасӣ  қарор  дод.

Дар баробари дигар баромадчиҳо мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо  кадрҳои  Дастгоҳи   КИМ  ҲХДТ  Зоҳир  Ҳабибзода,  раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон суханронӣ намуда, аз  дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб, қабули аъзо ба сафи ҲХДТ, фаъолияти  гурӯҳи  вакилии  ҳизбӣ  дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъалаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, фаъолнокии аъзои ҲХДТ ёдовари намуданд ва вакилони гурӯҳи ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизбро барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободкорию созандагӣ даъват карданд.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони ноҳиявии ҳизбӣ Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизбӣ тақдим карда шуда, ба барандагони Стипендияи  ноҳиявии  ҲХДТ, ки  беш  аз  10  (даҳ) нафарро  ташкил  медиҳанд, идрорпулиҳо дастрас карда шуд.

Пас аз анҷоми Маҷлиси Кумитаи иҷроия Зоҳир Ҳабибзода аз як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани корҳои дохилиҳизбӣ ба шахсони масъул маслиҳатҳои муфиди корӣ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg