БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ МАРДУМИ ХУД, МИЛЛАТИ ХУД ХИЁНАТ НАКУНЕД!

ВОКУНИШ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар сомонаҳои интернетӣ фейкҳое мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза бо нашри маводҳои иғвоангез бо ҳиссиёти мардум бозӣ карда, онҳоро (махсусан ҷавононе, ки дар муҳоҷират қарор доранд) ба иғвоангезӣ роҳнамоӣ мекунанд, онҳо кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, Тоҷикистони азизамонро ба харобазор табдил диҳанд.

Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин  марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат,  нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро  водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда,  нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Мо, ҷавонон он  амалҳои хиёнаткороне, ки дар сомонаҳои интернетӣ мардумро ба доми худ мекашанд, сахт маҳкум карда, дигар намехоҳем, ки боз ҳамон  тохтутозҳои  бемаънӣ, куштору   сӯхтор, ҳамдигарбадбиниҳо  ва   иҷборан   муҳоҷиршавии солҳои 90-уми   қарни   гузашта рух диҳанд. Барои мо ҷавонон  осмони соф, иттиҳод, меҳнати  озод, Сулҳу   Ваҳдат  зарур   аст на куштору ҳамдигарбадбиниҳои солҳои 90-уми қарни гузашта. Барои рушду нумуи Тоҷикистони азизамон   имрӯзҳо ҷидду ҷаҳд намуда, сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Имрӯз  мо  Ватани  азизамон-  Тоҷикистони  биҳиштосоро  беш  аз  ҳарвақта  дӯст  дошта,  дар  атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз  ҳам  мустаҳкам  гардида,  Ватанамонро  аз  ТТЭ  ҲНИ  ва  таҳдиду   амалҳои  зишти  онҳо  эмин нигоҳ  медорем. 

Мо  ҷавонони даврони Истиқлолият дигар  намегузорем,  ки  ба  хоки  Ватанамон  пойи  нохалафе  бирасад. Нақшаҳои хиёнаткоронаи гурӯҳҳои ТТЭ ҲНИ амалинашаванда  буда,  мардуми  тоҷик  ҳеҷ  вақт  онҳоро  дастгирӣ  намекунад.

Ҳамеша зинда бош -Тоҷикистони азизи ман!

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg