БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони деҳот дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъоланд

ПАНҶ. Зан қувваи бузургест, ки пешрафти ҷомеаро  бе саҳми он тасаввур кардан мумкин нест. Боиси хурсандист, ки  имрӯз сафи занони фаъол дар раванди афзоиш буда, онҳо дар бобати иштироки фаъолона дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавию варзишӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Истиқлолият дар баробари  дигар  соҳаҳо ба рушду такомули фаъолияти занон низ такони бузурге бахшид.

Вобаста, ба ин масъалаи мубрами рӯз ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии маданӣ-маърифатӣ баргузор намуд.

Бояд  ёдовар шуд, ки барои бо маърифати баланд гузаронидани чорабинӣ занони ҳунарманди   деҳаи мазкур  намоиши дастранҷи ҳунарҳои худро ба маърази тамошобинон гузошта буданд.

Сараввал, ҳозирин аз маводҳои намоишгоҳ, аз қабили ҷиҳози хонаи арӯсу домод, рафидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, гилемчаҳои рағзагии дастбоф, тахтаву тирак, куртаҳои занонаи қадимаи миллӣ  ва анвои гуногуни пухтупазу намудҳои гуногуни нонҳо дидан намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ Шомаҳмадзода Музаффар ҳамагонро бо моҳи  шарифи Рамазон муборакбод намуда, баъдан оид ба баланд бардоштани  дараҷаи маърифату фарҳанги занон, беҳдошти ҳаёти онҳо  мақому манзалати зан дар ҷомеа, тарбия, ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идораи давлат ва амсоли онҳо гуфта гузашт.

Холов Диловар дар баромадаш оид ба зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби занони фаъол, аз ҷумла занони деҳот сухан намуда, қайд кард, ки  занон имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта,  пайваста барои дастгирии ҳматарафаи онҳо аз ҷониби Роҳбари давлат диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Аз ин рӯ,  занону модарони деҳотро мебояд, ки дар ҷомеа дар сафи пеш истода, дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg