БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ НАВБАТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.

Дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллӣ мо ворид гардид. Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500- солагии Саразми бостонӣ ва 700 -солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори Созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, якум- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ба шахсони арзандае, ки барои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  шудан, ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбиро  супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg