БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВО - ТАЪМИНКУНАНДАИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ҳангоми суханрони қайд кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат барои рушди соҳаи кишоварзӣ имтиёзҳо доданд. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 1997-2020 7, 3%-ро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра ба 5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.

Дар охири ҷамъомад Давлатҷон Ғаффорзода ба шахсони арзандае, ки барои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  шудан, ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбиро супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg