БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БЕҲТАРШАВИИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМРО ДАР ҲАМАИ ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТ МУАЙЯН НАМУД

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №8 деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣӣ  гузарониданд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давталҷон  Ғаффорзода қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат оиди беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот изҳори ақида намуданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳи сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақша-чорабиниҳо барои солҳои 2020-2040 қабул карда шуд.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg