БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРКИ МУШКИЛОТИ ВАҚТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Соли 2020 бо пешгӯинашавандагӣ ва мушкилиҳои пайдарпайи хусусияти глобалӣ доштанаш дар ёди мардум монд, з-ин рӯ барои ман ҳамчун вакил ва пеш аз ҳама ҳамчун модар, ки ба дӯшам тарбияи фарзандони хеш ва тарбияи насли наврас дар мактаб вогузор шудааст, Паёми  имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, шуниданаш бисёр муҳим буд. Мусаллам аст, ки мушкилотҳои дар соли 2020 ба вуҷуд омада бо  гузаштан ба соли дигар аз байн нарафта,  балки таъсирашон шояд ба даҳсолаҳо боқӣ монад, бояд қабул кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва равиши зиндагӣ бешак тағйир хоҳад ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххасро  ба миён гузоштанд.

Дар боло дар мавриди тағйиротҳо зикр намудам Ҷаноби Олӣ инро бешубҳа ҳис менамоянд ва беҳуда диққати хешро ба омӯзиш фаро гирифтани фанҳои дақиқ ҷалб нанамуданд. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём аз ҷумла, қайд намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм - фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин, наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар татбиқи эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.

Мирсаидова Давлатмоҳ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg