БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДОЗҲО - АСОСИ НИГОҲДОРИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

ПАНҶ.  Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андозӣ”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки бевоситаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия суҳбат дар бораи шарҳу тавзеҳи  Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид.

Дар ҷараёни баромадҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Панҷ Файзизода Карим оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ва дар ин замина таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ андешаронӣ намуда,  қайд кард, ки дар мулоқоте, ки Пешвои миллат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо намуданд, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ доданд ва дастур доданд, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.

Ҳамчунин, атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатарноки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар ҷумҳурӣ мамнӯъ- ҲНИ, гурӯҳи 24, ДИИШ ва мисоли инҳо суханронӣ  карда шуд.

Аз аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Андоз», ки аслан ҷавонон кору фаъолият менамоянд, даъват шуд, ки ба Ватану давлат содиқона хизмат намуда, барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд, дар шукуфоиву пешрафти Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg