БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ОЯНДАИ БОСАОДАТ

АНДЕША. Дар Пайёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва дар вазифаҳои пурмасъул фаро гирифтани онҳоро ба миён гузоштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо занону духтарон аст.

Занону духтарони мамлакат аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус, Пешвои муаззами миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам саҳми арзандаи худро гузоштан дар пешравии Тоҷикистони азизамон саъю кӯшиши худро дареғ намедоранд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст.

Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 % ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 %-ро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар назарас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат махсус қайд намуданд, ки яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо додани қарзҳои имтиёзнок мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбаркунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 » ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, Пешвои миллат қайд карданд, ки муассисаҳои типи нави замони истиқлол-мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97%-и хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи дннишҷӯи муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. Мо омӯзгорон низ кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, сазовори боварии Пешвои миллатамон гардем.

Фароғатзода  Насиба, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg