БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИСОЛАТИ ВОЛО

АНДЕША. Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рӯзи 26-уми январи соли 2021 ироа гардид, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи худ ва фаъолияти Ҳукумати мамлакатро дар давоми як сол таҳлилу баррасӣ намуда, барои солҳои минбаъда вазифаҳои мушаххасро дар назди халқу ҳукумат гузошт.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, соли ҷорӣ чун дигар солҳои созандагию бунёдкорӣ тамоми фаъолияти давлату ҳукумат ба хотири некӯаҳволии мардум ва ободии диёри азизамон равона буд ва дар самти мутазаккира корҳои зиёде анҷом пазируфтаанд. Соли сипаришуда, барҳақ, барои халқу давлати мо соли бобарор ва таърихӣ буд ва мо дар ин сол ба як зумра дастоварду муваффақиятҳо ноил гардидем. Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор гирифт, масъалаи илму маориф буд. Пешвои миллат  қайд карданд, ки мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Инчунин, таъкид карданд, ки ба зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.

Ба мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузашта Президенти мамлакат  ба Маҷлиси олӣ солҳои 2020-2024 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда,  ҷиҳати тадбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020- 2025 қабул карда шуданд. Вазорати молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, вазорату кумитаҳои, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд,  вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зиркшуда ба саҳлангорй роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Илова бар ин, Роҳбари давлат  қайд карданд, ки ба хатири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Умедворем, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ корҳои арзишманд мегузоранд.

Боиси қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат нақши занонро низ дар ин Паёми хеш мавриди муҳокима қарор дода, қайд намуданд, ки “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтиссос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Мо, омӯзгорон  вазифадорем, ки хонандагонро ба омӯзиши технологияи нави информатсионӣ, забони давлатӣ ва хориҷӣ ҳар чӣ бештар ҷалб намоем.

Паёми навбатӣ чун солҳои пешин бори дигар собит месозад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли маориф ғамхор ва дастгири омӯзгорон мебошад. Мебояд, ки мо, омӯзгорон ба ғамхории маорифпарваронаи Сарвари давлат реҷаи кориамонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мутобиқ карда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузорем.

Асоева Савлатмоҳ, директори МТМИ №28 шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg