БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- РАҲНАМОИ БОНУВОН

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки ситоиши зан-модар, чароғи хонадон, давомдиҳандаи насли инсон, тарбиятгари фарзанд, ходими давлативу ҷамъиятӣ гузаштагони мо то имрӯз ҳазорон асарҳои саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ эҷод кардаанд.

Симои зани тоҷик ҳамчун фарди озодманишу озодихоҳ, зебову зебораст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст, ҳалиму меҳрубон, вафодору ҳақиқатҷӯ ва ҳунарманду кадбону тасвир гардидааст, ки ин самимият нисбати зан-модар, бонувону хоҳарон маротиба мақоми арзишмандро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи хоса ва самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон касб карда, матонату самимияти бонувони гурдофаридсифат зиёд гардида, онҳо дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳамаи самтҳо нақши муассири худро гузошта истодаанд. 

Аз назари некбинонаву модарпарваронаи Сарвари давлат  хизмати софдилонаву ватанпарваронаи занону хоҳарон  дур намонд.  Дар сиёсати хирадмандонаву адолатпарваронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат иброз гардид, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат то рафт бештар шуда истодааст.  Саҳми занон дар рушди соҳаи илму маориф ва соҳаи тандурустии мамлакат  афзуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занро дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ тимсоли офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва наҷотбахши рӯзгор ниҳоят бузург арзёбӣ намуда,  рисолати занонро дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва муайянкунанда медонад. Давлату ҳукумати Ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии бонувон, таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву  конститутсионӣ ва фаъолияти  самараноки онҳо тадбирҳои  муассир андешида, мақому манзалати занонро  рӯз ба рӯз дар  татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат таҳким мебахшад.

Мо, бонувонро соли бошукӯҳи таърихӣ ҷашни 30-соагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2021 интизор аст. Чи хеле, ки Пешвои миллат  иброз  доштанд, ки  “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи  худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдастарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Итминони комил дорам, ки бонувони қавииродаи мо ҷавобан ба ин ҳимматбаландии Пешвои миллат садоқати модариро дар роҳи Ватан ва обод кардани ҳар гӯша ва тарбияи насли наврас, ободии оилаву хонадон саҳми арзишманди худро хоҳанд гузошт.                   

Муслима Ғуриева, мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg